Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.8/day last 5 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

🇮🇷 Пизишкиён дар СММ: «Эрон ба муколама бо ИМА омода аст, аммо забони зӯриро намепазирад» Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ гуфт, ки Теҳрон барои муколама, дипломатия ва музокирот бо ИМА омода аст, аммо «забони зӯрӣ»-ро қабул намекунад. Пизишкиён иддао кард, ки Эрон дар пайи ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба кишвар қурбонии терроризм шудааст. Ӯ аз ҳамла ба мактаб, иншооти варзишӣ ва дигар объектҳо ёд кард. Президенти Эрон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш барои ҳифзи худ ба тавонмандии дифоӣ ниёз дорад, аммо нияти таҷовуз ё ҳукмронӣ бар кишварҳои ҳамсояро надорад. Дар мавриди барномаи ҳастаӣ Пизишкиён таъкид кард, ки Эрон истифодаи осоиштаи энергияи ҳастаиро идома медиҳад ва барои сохтани силоҳи ҳастаӣ талош намекунад. Ӯ ҳамчунин вазъи Ғаззаро баррасӣ карда, аз кушта шудани беш аз 80 ҳазор нафар ва кӯчонидани зиёда аз 100 ҳазор нафар ёдовар шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507524 Sep 07:1313 Nov 11:167824 Sep 07:13: 0 views13 Nov 11:16: 78 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Sep 2026, 07:130
13 Nov 2026, 11:1678

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.