Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.9/day last 20 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Хуҷанд 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда шуд Шоми 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд, ки дар он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард. Сарвари давлат зимни суханронӣ истиқлол ва озодиро аз дастовардҳои муҳими кишвар арзёбӣ намуда, ба нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон ишора кард. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бунёд, навсозӣ ва ба истифода дода шудааст. Ин шумора аз нақшаи пешбинишуда 3 ҳазору 400 иншоот бештар мебошад. Дар идомаи суханронӣ ба рушди саноати сабук, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Президент ҳамчунин нақши лоиҳаҳои бузурги роҳу нақлиёт, аз ҷумла сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ва таҷдиди роҳҳои Душанбе–Чаноқ ва Айнӣ–Панҷакентро дар беҳтар шудани иртиботи нақлиётии кишвар муҳим арзёбӣ кард. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар ва вилояти Суғд баргузор шуд.

Views over time

025507524 Sep 06:0213 Nov 11:167824 Sep 06:02: 0 views13 Nov 11:16: 78 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Sep 2026, 06:020
13 Nov 2026, 11:1678

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.