Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.9/day last 12 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⛽️ Дар як НФС-и Варзоб ба ҷойи АИ-95 бензини АИ-92 мефурӯхтаанд Агентии «Тоҷикстандарт» дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Shod Oil» дар ноҳияи Варзоб ҳолати ба талаботи муқарраргардида мувофиқ набудани тамғаи бензини фурӯхташавандаро ошкор кардааст. Тибқи иттилои агентӣ, 16 сентябр дар ин нуқта бензини АИ-95 бо нархи 14 сомонӣ барои як литр пешниҳод мешуд. Намунаи сӯзишворӣ барои ташхис ба озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» фиристода шудааст. Натиҷаи ташхис нишон додааст, ки сӯзишвории ҳамчун АИ-95 фурӯхташуда аз рӯи нишондиҳандаҳои дахлдор ба талаботи АИ-92 мутобиқат мекунад. «Тоҷикстандарт» мегӯяд, чунин ҳолат метавонад боиси фиреби истеъмолкунандагон гардад. Вобаста ба ин қазия корҳои назоратӣ ва чораҳои дахлдор идома доранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510024 Sep 05:4613 Nov 11:168424 Sep 05:46: 0 views13 Nov 11:16: 84 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Sep 2026, 05:460
13 Nov 2026, 11:1684

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.