Ҷудокорони тоҷик барои медалҳои Бозиҳои Осиёӣ то 150 ҳазор сомонӣ мегиранд Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои варзишгарони кишвар, ки дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медал мешаванд, ҷоизаҳои пулӣ муқаррар кардааст. Тибқи қарори президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, барои медали тилло ба варзишгар 150 ҳазор сомонӣ, барои нуқра 100 ҳазор ва барои биринҷӣ 80 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ба иттилои Федератсия, ин иқдом ба хотири дастгирии молии ҷудокорон, ҳавасмандсозии онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва рушди ин намуди варзиш амалӣ мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки маблағи ҷоизаҳо аз буҷаи худи Федератсияи ҷудо пардохт мешавад ё манбаи дигари маблағгузорӣ дорад. Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии имсола, ки дар Ҷопон баргузор мешаванд, то ҳол 4 медал — ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардааст.
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.9/day
last 11 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 23 Sep 2026, 12:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 81 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.