Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 19 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Ду намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз шуданд Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби раҳбари ин ниҳод дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мукофотҳо ба онҳо барои саҳми арзишманд дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон дода шудаанд. Нишонҳои «Дӯстӣ»-ро рӯзи 21 сентябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросиме дар ҳошияи иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк ба соҳибонашон супурдааст. Бонки ҷаҳонӣ аз шарикони рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои татбиқи барномаҳо дар бахшҳои гуногуни кишвар садҳо миллион доллар маблағгузорӣ ва қарз ҷудо кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010023 Sep 03:0413 Nov 11:1610223 Sep 03:04: 0 views13 Nov 11:16: 102 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
23 Sep 2026, 03:040
13 Nov 2026, 11:16102

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.