Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ соҳиби ду медали тилло шуд Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2026 ду медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Дар риштаи муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни то 60 кг намояндаи Узбекистон Фирдавс Отамуродовро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, медали тиллоро соҳиб шуд. Отабек Раҷабов низ дар вазни 65 кг бар намояндаи Филиппин Жан Клод Саклаг пирӯз шуда, ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Медали нуқраро бошад, Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 71 кг ба даст овард. Бо ин натиҷа, шумораи медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2026 ба 4 адад — 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ расид. Ин 8-умин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои осиёӣ ба ҳисоб меравад. Қаблан Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Давлат Болтаев (бокс) ва Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) барои Тоҷикистон медалҳои тилло ба даст оварда буданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 20 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 22 Sep 2026, 09:54 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 75 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.