Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Аз лоиҳаи роҳи 106-километрии Бобоҷон Ғафуров–Ашт то ифтитоҳи 7 иншоот дар Ашт 21 сентябр дар ноҳияи Ашт лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров–Ашт ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд. Масофаи роҳи мазкур 106 километрро ташкил дода, он аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт гузашта, Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад. Тибқи лоиҳа, сохтмони роҳ ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ, осон кардани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот равона шудааст. Интизор меравад, ки татбиқи он ба рушди саноат ва кишоварзӣ, афзоиши фаъолияти иқтисодӣ дар минтақа ва густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо Узбекистон мусоидат кунад. Дар канори роҳи нав ҳамчунин таъсиси нуқтаҳои хизматрасонӣ ва афзоиши истеҳсоли молу маҳсулот пешбинӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, тариқи фосилавӣ 7 иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода дод. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Куруш–Бекобод бо дарозии 12,7 километр ва роҳи Хистеварз–Соҳилоб ба масофаи 10 километр мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маркази ноҳияи Ашт бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд, ки барои беш аз 50 корманд шароити муосири корӣ фароҳам меорад. Дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳробод осоишгоҳи «Бунёд» бо 120 ҷой ба фаъолият оғоз кард. Дар он 30 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Дӯстӣ кӯдакистон барои 180 кӯдак, дар шаҳраки Шайдон майдони Нишони давлатӣ ва дар деҳоти Ориён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 240 хонанда ба истифода дода шуданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510021 Sep 08:1213 Nov 11:168021 Sep 08:12: 0 views13 Nov 11:16: 80 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Sep 2026, 08:120
13 Nov 2026, 11:1680

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.