Нерӯгоҳи офтобии Ашт бо иқтидори 250 МВт ба кор даромад Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт 21 сентябр нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Сохтмони нерӯгоҳ моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ширкати «Аён энерҷӣ» оғоз шуда, он дар масоҳати 793 гектар бунёд шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар корҳои сохтмонӣ беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ва Чин ҷалб шудаанд. Барои пайвастани нерӯгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии кишвар хатти ҳавоии дузанҷираи 220-киловолта бо дарозии 9,8 километр то зеристгоҳи 220/110/6-киловолтаи Ашт сохта шудааст. Дар масири он 36 поя насб гардидааст. Гуфта мешавад, бо пурра ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳ 40 мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Вазорати энергетика қаблан хабар дода буд, ки истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯгоҳ метавонад ба 435 миллион кВт·соат баробар шавад. Ба иттилои расмӣ, марҳилаи пурраи расонидани иқтидори нерӯгоҳи офтобии Ашт ба 250 мегаватт то охири соли 2026 анҷом хоҳад ёфт.