9 ёдгории Тоҷикистон ба Рӯйхати пешакии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд Панҷ маҷмааи петроглифӣ дар ВМКБ ва чаҳор ёдгории таърихию табиӣ дар вилояти Хатлон ба Рӯйхати пешакии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Тибқи иттилои Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба ин рӯйхат маҷмааҳои петроглифии Лангар, Даршайр, Шахта, Найзатош ва Баҳмалҷилга шомил шудаанд. Ҳамчунин ёдгориҳои қадимаи таърихию табиии Кулдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонако, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷойгиранд, ба рӯйхат ворид шудаанд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, петроглифҳои мазкур ба давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла мезолит, неолит, асри биринҷӣ, асри оҳан ва асрҳои миёна тааллуқ доранд. Дар онҳо тасвирҳои ҳайвоноти кӯҳӣ, чеҳраҳои инсонмонанд, саҳнаҳои шикор, рамзҳо ва шаклҳои геометрӣ инъикос ёфтаанд. Маҷмааҳои бостоншиносии Кулдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонако бошанд, ба давраи палеолит мансуб буда, осори зиёди марбут ба ҳаёти одамони ибтидоӣ дар онҳо боқӣ мондааст. Агентӣ ворид шудани ин мавзеъҳоро ба Рӯйхати пешакии ЮНЕСКО қадами муҳим барои муаррифии мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва тақвияти корҳои ҳифз, омӯзиш ва тарғиби онҳо арзёбӣ кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threa
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 59 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Sep 2026, 06:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 83 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.