Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 1 hour ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Бахтиёр Раҳимов пас аз маргаш бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов пас аз даргузашт бо унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора ҳаҷвнигор Ташриф Халилов, ки аз дӯстони наздики Раҳимов будааст, 19 сентябр дар Instagram хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, унвони фахрӣ дар рӯзи зодрӯзи ҳунарманди зиндаёд тақдим шудааст. Аммо то ҳол мақомоти расмӣ дар бораи сарфароз гардонидани Бахтиёр Раҳимов иттилои ҷудогона нашр накардаанд. Раҳимов, ки раҳбарии гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо-Компания»-ро ба уҳда дошт, 30 июни соли ҷорӣ дар синни 56-солагӣ даргузашт. Ӯ соли 1969 дар деҳаи Ноҷии Ҳисор ба дунё омада, 1 июл дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010021 Sep 04:0713 Nov 11:169121 Sep 04:07: 0 views13 Nov 11:16: 91 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Sep 2026, 04:070
13 Nov 2026, 11:1691

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.