Дар чанд роҳи вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад Дар рӯзҳои 20, 22 ва 23 сентябр дар як қатор роҳҳои вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Тибқи иттилои БДА, маҳдудиятҳо ба Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дахл дошта, ба таъмини амнияти сафари эҳтимолии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ марбут мебошанд. 🔹20 сентябр ҳаракат дар кӯчаҳои марказии Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд–Б. Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ ва Гагарини Хуҷанд, инчунин кӯчаи марказии ҷамоати Х. Усмонии ноҳияи Б. Ғафуров маҳдуд мешавад. 🔹22 сентябр маҳдудият кӯчаи марказии Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд–Б. Ғафуров ва кӯчаҳои И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Гагарин, Сирдарё, маҳаллаи Навбаҳор ва Р. Набиевро фаро мегирад. 🔹23 сентябр ҳаракат дар кӯчаҳои марказии Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд–Б. Ғафуров ва қитъаи кӯчаи И. Сомонӣ то чорроҳаи Р. Хоҷиев маҳдуд хоҳад шуд. Вақти дақиқи маҳдудиятҳо ҳанӯз эълон нашудааст. Мақомот аз сокинон ва меҳмонон хостаанд, ки дар рӯзҳои зикршуда бидуни зарурат аз роҳҳои мазкур истифода накунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 1 hour ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 18 Sep 2026, 07:11 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 95 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.