Дастаи занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот Словакияро мағлуб кард Дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми Олимпиадаи шоҳмот тими Словакияро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб кард. Марвории Насриддинзода, Надежда Антонова ва Нозанин Маҳмудова бозиро мусовӣ анҷом доданд. Рухшона Саидова бошад, бо шикаст додани Виктория Надзамова ба Тоҷикистон як имтиёзи пурра овард. Пас аз ду давр тими занонаи Тоҷикистон 4 имтиёзи даставӣ дошта, дар миёни 188 даста дар ҷойи 43-юм қарор дорад. Тими мардонаи Тоҷикистон дар даври дуюм аз Англия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Мустафохӯҷа Ҳусенхоҷаев аз Никита Витюгов ва Меҳриддин Шарифов аз Гавейн Ҷонс мағлуб шуданд. Ҷалолиддин Илҳомӣ бо Майкл Адамс ва Муҳаммад Ҳусенхоҷаев бо Дэниэл Фернандес мусовӣ карданд. Пас аз ду давр тими мардонаи Тоҷикистон 2 имтиёзи даставӣ гирифта, дар байни 204 даста мақоми 64-умро ишғол мекунад. Дар даври сеюм, ки 18 сентябр баргузор мешавад, тими мардонаи Тоҷикистон бо Либия ва тими занона бо Исроил бозӣ мекунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 1 hour ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 18 Sep 2026, 05:00 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 86 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.