Эмомалӣ Раҳмон доктори фахрии Донишгоҳи Корея гардид Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Кореяи Ҷанубӣ аз Донишгоҳи Корея боздид кард. Бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрӣ дода шуд. Зимни мулоқот бо омӯзгорону донишҷӯён масъалаи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуд. Президенти Тоҷикистон аҳамияти табодули академӣ, таҳқиқоти муштарак ва омода кардани мутахассисонро таъкид кард. Тибқи маълумоти дафтари матбуоти президент, ҳоло беш аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии тақрибан 50 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 350 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад. Дар Тоҷикистон низ дар 8 донишгоҳ марказҳои омӯзиши забони кореягӣ фаъолият мекунанд. Дар анҷоми боздид Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Корея таҳсил мекунанд, мулоқот намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва риояи интизом даъват кард. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 2 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 17 Sep 2026, 04:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 68 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.