Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 2 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” гуфт, дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад. Ин нишаст рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шудаааст. Ба иттилои Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки “талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории наздиктару муштараки кишварҳо дар мубориза бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои дигар, аз қабили камбуди оби тоза, обшавии пиряхҳо таъкид кардааст. “Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад”-, навиштааст манбаъ. Дар поёни ҳамоиш аз рӯи натиҷаи кори он , “Эъломияи Сеул” қабул шудааст. https://your.tj/tj/az-imzoi-15-sanadi-amkor-to-ro-andozii-hatsajri-musta-im-jemomal-ra-mon-dar-seul-ch-guft/

Views over time

025507510016 Sep 12:4413 Nov 11:168016 Sep 12:44: 0 views13 Nov 11:16: 80 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
16 Sep 2026, 12:440
13 Nov 2026, 11:1680

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.