Омӯзгори мактаби №72-и Ёвон барои навори сарзаниши хонанда танбеҳ гирифт Омӯзгори мактаби №72-и ноҳияи Ёвон Равшаноро Акрамова баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани наворе, ки дар он ӯ хонандаи мактабро сарзаниш мекунад, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст. Ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, баъди нашри навор омӯзгор барои додани шарҳ даъват шуда, ба ӯ зарурати риояи қонунгузорӣ, одоби касбӣ ва муносибати эҳтиромона бо хонандагон фаҳмонда шудааст. Дар шуъбаи маориф таъкид кардаанд, ки истифодаи телефони мобилӣ аз ҷониби омӯзгорон ҳангоми дарс манъ аст. Азбаски Акрамова хонандаро бо телефони худ ба навор гирифтааст, нисбат ба ӯ чораҳои интизомӣ андешида шуда, танбеҳ эълон шудааст. Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар навор хонандаи синфи сеюми ҳамин муассиса дида мешавад. Ба иттилои вазорат, духтар ба дарси забони русӣ бе лавозимоти зарурии мактабӣ омада, муаллима ӯро ба навор гирифта ва сабтро ба модараш фиристодааст. Шуъбаи маориф ҳамчунин ба волидон ёдрас кардааст, ки таъмин намудани фарзандон бо лавозимоти зарурии таълимӣ аз уҳдадориҳои онҳо мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 2 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 16 Sep 2026, 04:51 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 97 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.