ВКД қазияи навори духтараки мактабхонро шарҳ дод Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда бо иштироки хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Ёвонро шарҳ дод. Ба иттилои ВКД, ҳодиса 14 сентябр ҳангоми дарси забони русӣ рух додааст. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Равшаноро Акрамова хонандаро пас аз он навор гирифтааст, ки ӯ ба дарс бе лавозимоти зарурии мактабӣ ҳозир шудааст. Муаллима наворро ба модари кӯдак фиристодааст, то ба гуфтаи мақомот, камбудӣ бартараф карда шавад. ВКД мегӯяд, ки модари 36-солаи духтар ҳоло дар Русия қарор дорад. Ба ҷои ҳалли масъалаи таъмин кардани фарзандаш бо лавозимоти хониш, ӯ наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Тибқи маълумоти вазорат, кӯдак таҳти нигоҳубини бибияш қарор дошта, волидон ӯро ба таври зарурӣ бо лавозимоти мактабӣ таъмин накардаанд. Пас аз ҳодиса бо муаллима Равшаноро Акрамова суҳбати фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон, расонаҳо натавонистаанд назари худи муаллима ва модари хонандаро дар ин маврид дастрас кунанд. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки яке аз соҳибкорон барои духтар тамоми лавозимоти зарурии мактабиро харидорӣ кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 2 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 16 Sep 2026, 04:36 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 93 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.