Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 3 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

🎭 Душанбе мизбони VIII Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак мешавад Дар Душанбе аз 21 то 26 октябр VIII Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» баргузор мешавад. Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Муғулистон иштирок мекунанд. Тоҷикистонро театрҳои лӯхтаки Бӯстон, Бохтар ва Душанбе намояндагӣ хоҳанд кард. Театри лӯхтаки пойтахт намоишномаеро дар мавзӯи миллӣ пешкаши тамошобинон мекунад, ки ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷик бахшида шудааст. Фестивали байналмилалии «Чодари хаёл» дар Тоҷикистон аз соли 2007 ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010015 Sep 09:0913 Nov 11:169215 Sep 09:09: 0 views13 Nov 11:16: 92 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Sep 2026, 09:090
13 Nov 2026, 11:1692

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.