«Хушдомани беҳтарин»: ғолибон охири сентябр муайян мешаванд Дар Тоҷикистон даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» то 25 сентябр идома дошта, ғолибони он охири моҳи сентябр муайян хоҳанд шуд. Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, озмун дар се марҳила баргузор мешавад. Даври аввал дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо, марҳилаи дуюм дар шаҳру ноҳияҳо мегузарал. Ғолибони ин давр ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар арзёбии иштирокчиён на танҳо муносибати онҳо бо келин ва дигар аъзои оила, балки саҳмашон дар пойдории оила, тарбияи фарзандону набераҳо ва пешгирии муноқишаҳои хонаводагӣ ба назар гирифта мешавад. Аз ҷумла, қобилияти маслиҳат додан ва истифодаи таҷрибаи зиндагӣ дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, сарфаю сариштакорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва нигоҳубини калонсолони оила низ аз меъёрҳои озмун мебошанд. Ҳамчунин, иштироки хушдоманҳо дар ободонии маҳалла, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандону набераҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ арзёбӣ хоҳад шуд. Ғолибони марҳилаи ниҳоӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 3 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 15 Sep 2026, 06:46 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 99 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.