Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 3 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Тоҷикистон барои пешгирии садамаҳо амалиёти «Автобус» оғоз шудааст Дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» барои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар оғоз гардид. Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, амалиёт 14 сентябр оғоз шуда, то 23 сентябр идома мекунад. Дар доираи он назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии мошинҳои мусофирбар ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон пурзӯр карда мешавад. Ба гуфтаи БДА, ҳадафи амалиёт пешгирии садамаҳои роҳ, беҳтар намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад. Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз роҳбарони корхонаҳои мусофиркашонӣ хостааст, ки ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва интизоми ронандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010015 Sep 06:0613 Nov 11:169215 Sep 06:06: 0 views13 Nov 11:16: 92 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Sep 2026, 06:060
13 Nov 2026, 11:1692

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.