Низомиёни тоҷик дар размоиши «Марз-2026»-и СААД дар Қазоқистон иштирок доранд Дар Қазоқистон размоиши низомии «Марз-2026»-и Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки низомиёни Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз шудааст. Тамринҳо дар майдони омӯзишии «Коктал»-и вилояти Жетису баргузор шуда, то 18 сентябр идома мекунанд. Дар онҳо тақрибан 1,5 ҳазор низомӣ ва беш аз 300 адад техникаи ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла 115 ҳавопаймои бесарнишин, ҷалб шудаанд. Дар ҷараёни размоиш низомиён таҷрибаи ҷангҳои муосир ва тарзи анҷом додани амалиётҳои муштаракро тамрин мекунанд. Ба гуфтаи СААД, таваҷҷуҳи махсус ба амалиётҳо дар шароити кӯҳистон ва биёбон равона шудааст. Машқҳо ҳамчунин омодагӣ ба амалиёти муштарак барои муқовимат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки эҳтимолан ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СААД ворид мешаванд, дар бар мегиранд. Муовини сардори Ситоди муттаҳидаи СААД Руслан Шпекбоев гуфтааст, ки истифодаи густурдаи силоҳҳои дақиқпаймо, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва воситаҳои иктишофӣ хусусияти амалиёти ҷангии муосирро тағйир додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит ҷойгир кардани гурӯҳҳои бузурги низомӣ ва пойгоҳҳо ҳам дар наздикии хатти тамос ва ҳам дар ақибгоҳ мушкил мешавад. Шумораи дақиқи низомиёни тоҷик дар ин размоиш маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи иштироки онҳо то ҳол изҳороти расмӣ нашр накардаанд.. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 4 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 14 Sep 2026, 12:06 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 79 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.