Миҷгона Самадова парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2026 мешавад Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи XX Бозиҳои тобистонаи осиёӣ, ки аз 19 сентябр то 4 октябр дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд, ба даст хоҳад дошт. Самадова дар Бозиҳои осиёии қаблӣ дар Ҳанчжоу соҳиби медали биринҷӣ шуда буд. Ӯ дар мусобиқаи имсола дар вазни то 60 килограмм рақобат карда, барои дуюмин бор пайиҳам ба гирифтани медали Бозиҳои осиёӣ талош мекунад. Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо аз 104 нафар иборат буда, варзишгарони кишвар дар 20 намуди варзиш, аз ҷумла варзиши сабук, шиноварӣ, теннис, намудҳои гӯштин, тирандозӣ, қаиқронӣ, гимнастикаи варзишӣ ва киберспорт иштирок хоҳанд кард. Бозиҳои осиёии соли 2026 барои Тоҷикистон нуҳумин иштироки кишвар дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ ба ҳисоб мераванд. Аз нахустин иштирок дар Бозиҳои осиёии соли 1994 дар Хиросима варзишгарони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 35 медал ба даст овардаанд: 6 тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 4 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 14 Sep 2026, 05:03 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 99 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.