❗️ Дар Душанбе беш аз 1,8 тонна гӯшти ғайрисанитарӣ мусодира шуд Дар Душанбе нисбати сокини 32-солаи маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Шоҳмансур барои нигоҳдории гӯшт дар шароити ғайрисанитарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои Пулиси Душанбе, аз ҳавлии Қурбоналӣ Нуриддинов 1 тоннаю 126 кг гӯшти калла, 142 кг забони гӯсфанд ва 540 кг пойи чорвои калон дарёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ӯ ғайриқонунӣ ба омодасозии қиммаи гӯшт ва маҳсулоти каллаву поча машғул буда, гӯштро дар шароити ғайрибеҳдоштӣ нигоҳ медошт. Нисбати ӯ бо моддаи 209 КҶ Тоҷикистон парванда боз шуда, ин модда то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads