Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия ва Русия ҷойи кор пешниҳод мешавад Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишвар ҷойҳои кориро дар Туркия ва Русия пешниҳод кардааст. Дар Туркия ба коргарони одӣ, кафшергарон, барчиён, оҳангарон, мутахассисони таъмири механикӣ, ронандагони лоудер ва форклифт ва устоҳои таъмири техникаи вазнин ниёз доранд. Маош вобаста ба вазифа ва ихтисос аз 700 то 1250 доллар буда, корфармоён коргаронро бо ҷойи зист ва хӯрок таъмин мекунанд. 🔺Дар Русия шаҳрвандони аз 18 то 45-сола барои кор дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ ҷалб мешаванд. Музди меҳнат аз 80 то 140 ҳазор рубл муайян шудааст. Корфармоёни рус инчунин омодаанд бақайдгирии муҳоҷиратии кормандон ва таъмини онҳоро бо ҷойи зист ба уҳда гиранд. Барои гирифтани патент ба муҳлати шаш моҳ низ ба муҳоҷирон қарзи бефоиз пешниҳод мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат кунед. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 4 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 11 Sep 2026, 10:50 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 106 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.