Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт фурудгоҳу осорхонаро ифтитоҳ кард Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 сентябр, зимни сафари корӣ ба водии Рашт фурудгоҳи ин ноҳияро ба истифода дод. Фурудгоҳ бо ҷалби дастгирии соҳибкорон навсозӣ шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он имкони барқарор кардани парвозҳои мусофирбарӣ байни Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар фароҳам мешавад. Дар ҷараёни сафари президент ба Рашт ҳамчунин чанд иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт Осорхонаи Нусратуллоҳ Махсум — Қаҳрамони Тоҷикистон, дар бинои ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Дар маркази ноҳия шаҳраки Ғарм бошад, аз рӯйи ҳайкали Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, пардабардорӣ карда шуд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт бо ифтитоҳи иншооти нав, мулоқот бо сокинон ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010011 Sep 07:0113 Nov 11:1610611 Sep 07:01: 0 views13 Nov 11:16: 106 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Sep 2026, 07:010
13 Nov 2026, 11:16106

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.