Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Муҳоҷирони тоҷикро пеш аз интихоботи Думаи давлатӣ дар Русия аз иғвоҳо ҳушдор доданд Ба тоҷикони муқими Русия аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунӣ худдорӣ карданро хостанд Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар, ки дар ин давлат кору зиндагӣ мекунанд, даъват кардааст, ки дар моҳи сентябр аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд. Дар муроҷиат гуфта мешавад, ки моҳи сентябр дар Русия маъракаи муҳими ҷамъиятӣ-сиёсӣ баргузор мешавад. Ба гуфтаи Намояндагӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қонунҳои Русияро риоя карда, ба тартиботи ҷамъиятӣ эҳтиром гузоранд ва аз ширкат дар чорабиниҳои ғайриқонунӣ ё беиҷозат худдорӣ кунанд. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ инчунин тавсия шудааст, ки маълумотро дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, маҳдудиятҳои амалкунанда ва тағйироти қонунгузорӣ танҳо аз манбаъҳои расмии мақомоти Русия дастрас кунанд. Намояндагӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки ба иттилои тасдиқнашуда ва даъватҳои шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ дода нашаванд ва фаъолияти меҳнатии худро тибқи қонунгузории Русия идома диҳанд. Барои гирифтани машварат оид ба масъалаҳои муҳоҷират шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат кунанд: Хатти ягона: +7 (495) 967-98-44 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010011 Sep 05:0213 Nov 11:169911 Sep 05:02: 0 views13 Nov 11:16: 99 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Sep 2026, 05:020
13 Nov 2026, 11:1699

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.