Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

🇹🇯🇺🇸 Дар Вашингтон 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил карданд 9 сентябр дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ИМА чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд. Дар он ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур, намояндагони сохторҳои давлатии Амрико, сенаторон ва аъзои Конгресс, дипломатҳои кишварҳои гуногун, намояндагони доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ, илмӣ ва академӣ, инчунин тоҷикони муқими ИМА иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар ИМА Завқӣ Завқизода зимни суханронӣ аз дастовардҳои кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, рушди иқтисодӣ, истифодаи захираҳои обӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, тайи 25 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисоди кишвар 7,7 фоизро ташкил додааст. Пол Капур низ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик гуфта, саҳми Тоҷикистонро дар таъмини субот ва амнияти минтақа муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ омодагии ИМА-ро барои идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид кард. Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи осори фарҳангӣ ва таърихӣ, барномаи мусиқӣ ва дастархони таомҳои миллӣ баргузор шуд. Ҳамзамон, ба муносибати ҷашн шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами Тоҷикистон равшан карда шуда, дар он ҷо оташбозии идона баргузор гардид. Дар Таймс-сквери Ню-Йорк низ 8–9 сентябр навори ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон пахш шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010011 Sep 03:2613 Nov 11:1610511 Sep 03:26: 0 views13 Nov 11:16: 105 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Sep 2026, 03:260
13 Nov 2026, 11:16105

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.