Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Душанбе муноқишаи гурӯҳии хонандагон пешгирӣ шуд Кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ аз муноқишаи эҳтимолии гурӯҳии хонандагон пешгирӣ карданд. Тибқи иттилои милитсия, як гурӯҳи хонандагони синфҳои 9 ва 10-и яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия қаблан бо ҳамдигар маслиҳат карда, ният доштаанд задухӯрди гурӯҳӣ ташкил кунанд. Ҳангоми санҷиш аз ду ноболиғ ду корд дарёфт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи милитсия, дахолати саривақтӣ имкон додааст, ки эҳтимоли содир шудани авбошӣ бо истифода аз корд пешгирӣ шавад. Нисбат ба волидони 14 ноболиғ тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо худи наврасон низ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронидаанд. Мақомоти милитсия аз волидон даъват кардааст, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва ба рафтору муҳити онҳо бештар таваҷҷуҳ кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010010 Sep 11:5413 Nov 11:1611010 Sep 11:54: 0 views13 Nov 11:16: 110 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
10 Sep 2026, 11:540
13 Nov 2026, 11:16110

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.