Дар Душанбе роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлол баргузор шуд Имрӯз, 9 сентябр, дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор шуд. Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пеш аз оғози роҳпаймоӣ мардуми кишвар, сокинони пойтахт, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки ба даст овардан ва ҳифз кардани истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар таърихи навини кишвар ба шумор меравад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads