Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Боздошти марде, ки духтари 10-солаашро барои шабгардӣ латукӯб кардааст Навори латукӯби як духтараки хурдсол аз ҷониби падараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овард. Пас аз паҳн шудани видео кормандони милитсия ба таҳқиқи ҳолат оғоз карда, шахсияти марди дар наворбударо муайян карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ӯ Ҳасанов Фарҳод Муроталиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода мебошад. Гуфта мешавад, ки номбурда се сол боз дар Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад. Мард дар рафти суҳбат гуфтааст, ки гӯё аз шабгардии духтари 10-солааш хашмгин шуда, бо мақсади «ҷазо додан» ӯро шадидан латукӯб кардааст. Дар навори паҳншуда падар барои рафтори худ нисбат ба фарзандаш аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида, гуфтааст, ки кормандони милитсия ӯро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ин ҳолат чораҳои дахлдорро меандешанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501001508 Sep 14:2013 Nov 11:161248 Sep 14:20: 0 views13 Nov 11:16: 124 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
8 Sep 2026, 14:200
13 Nov 2026, 11:16124

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.