Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Гардиши савдои Тоҷикистон ва Озарбойҷон 84 фоиз афзудааст Ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 нисбат ба соли қаблӣ 84 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 бошад, ин нишондиҳанда боз 31 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ва вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашод Набиев зимни як чорабинӣ дар Боку хабар доданд. Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Ба гуфтаи Набиев, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ миёни ду кишвар низ 17 фоиз афзоиш ёфтааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳамкориҳо дар самти рушди рақамӣ низ густариш ёфта, ҳоло чанд ширкати Озарбойҷон дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Сафири Тоҷикистон Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими кишвар номида, Эъломияи шарикии стратегиро, ки моҳи майи соли 2024 ба имзо расида буд, аз марҳилаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кардааст. Афзоиши ҳамлу нақл, аз ҷумла, ба рушди Коридори миёна рабт дода мешавад. Ин масир Чин ва Осиёи Марказиро тавассути баҳри Каспий, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия ба Аврупо мепайвандад. Барои Тоҷикистон рушди ин масир метавонад як роҳи иловагӣ барои баровардани маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои байналмилалӣ фароҳам созад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501008 Sep 11:1113 Nov 11:161108 Sep 11:11: 0 views13 Nov 11:16: 110 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
8 Sep 2026, 11:110
13 Nov 2026, 11:16110

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.