Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 6 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Хатлон 32 нафар ба муносибати 35-солагии Истиқлол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок кард. Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун барои фаъолияти самаранок, натиҷаҳои назаррас ва саҳм гузоштан дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Дар миёни мукофотҳо медалҳои «Хизмати шоиста», «Шафқат», медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар баробари ин, як қатор фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон барои саҳм дар рушди минтақа, фаъолияти созанда ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо мукофотҳои мақомоти вилоятӣ сарфароз гардиданд. Тибқи иттилоъ, 30 нафар бо медали «Ифтихор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 29 нафар бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501008 Sep 09:1813 Nov 11:161068 Sep 09:18: 0 views13 Nov 11:16: 106 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
8 Sep 2026, 09:180
13 Nov 2026, 11:16106

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.