Президенти Эрон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 35-солагии Истиқлол табрик кардааст Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паёми табрикӣ ирсол кардааст. Дар номаи худ Пизишкиён Тоҷикистонро «давлату миллати ҳамфарҳангу ҳамзабон» номида, ба робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвар ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин пайвандҳои муштарак заминаи муҳим барои таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон ба шумор мераванд. Президенти Эрон ҳамчунин таъкид кардааст, ки кишвараш густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Масъуд Пизишкиён дар анҷоми паём ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон саодат, муваффақият ва пешрафти минбаъда орзу кардааст. Номаи табрикии президенти Эронро Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нашр кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин паём иттилои расмӣ нашр накардаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 6 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 8 Sep 2026, 05:38 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 88 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.