Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 6 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Ҷайҳун коргоҳи нави коркарди нафт бо иқтидори 50 ҳазор тонна сохта мешавад Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бунёди хатти нави технологӣ барои коркарди нафт оғоз гардид. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ мерасад. 6 сентябр муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Азизулло Ализода дар маросими гузоштани санги асоси иншоот иштирок карданд. Хатти нави истеҳсолӣ дар заминаи ҶСК «Салоса» сохта мешавад. Корхона то имрӯз асосан битуми баландсифат истеҳсол мекунад, ки дар сохтмони роҳҳо истифода мешавад. Бо насби таҷҳизоти муосир дар корхона истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ ва бензин низ ба роҳ монда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки номгӯи маҳсулоти нафтии истеҳсолшаванда васеъ карда шавад. ҶСК «Салоса» аз соли 2003 дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафт фаъолият дошта, ҳоло дар он беш аз 100 мутахассис кор мекунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501001507 Sep 10:4113 Nov 11:161307 Sep 10:41: 0 views13 Nov 11:16: 130 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
7 Sep 2026, 10:410
13 Nov 2026, 11:16130

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.