Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 6 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро дар Лондон таҷлил карданд Дар пойтахти Бритониё 4 сентябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ташкилкунандаи чорабинӣ Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ буд. Ба меҳмонон маҳсулоти ватанӣ ва гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар маросим намояндагони Ҳукумати Бритониё, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, дипломатҳои кишварҳои гуногун, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, рӯзноманигорон ва ҳамватанони муқими Бритониё ширкат доштанд. Сафири Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ дар суханронии худ дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлол ва имкониятҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Душанбе бо Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ сухан гуфт. Барномаи идона бо ҳунарнамоии Ҳуҷастаи Мирзовалӣ идома ёфт. Сароянда барои иштирокдорон сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои операро иҷро кард. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501001507 Sep 08:2713 Nov 11:161187 Sep 08:27: 0 views13 Nov 11:16: 118 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
7 Sep 2026, 08:270
13 Nov 2026, 11:16118

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.