Алишер Мирзонабот пас аз марг бо ордени «Исмоили Сомонӣ» қадрдонӣ шуд Собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баъди даргузашт бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II сарфароз гардид. Мукофоти давлатӣ бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон ба ӯ дода шудааст. Рӯзи 4 сентябр сардори Саридораи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон Шералӣ Мирзо орденро ба падари марҳум супорид. Алишер Мирзонабот чанд моҳ пеш дар як садамаи фоҷеабор ҳамроҳи ҳамсар, духтари хурдсол, ёвар ва ронандааш ба дарёи Панҷ афтода буд. Субҳи 17 июн мошини хидматии ӯ ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хоруғ дар километри 282-уми шоҳроҳи «Душанбе–Хоруғ», дар ҳудуди байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ба дарё сарозер шуд. Баъдан ҷасади Мирзонабот, ҳамсараш, инчунин ёвару ронандаи ӯ пайдо гардид. Аммо то ҳол ҷасади духтари дусолаи онҳо пайдо нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 6 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 6 Sep 2026, 09:16 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 152 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.