Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 7 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар вилояти Хатлон се кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд Дар вилояти Хатлон се ноболиғ ҳангоми оббозӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар миёни қурбониён ду духтари 7 ва 10-сола ва як ҷавони 17-сола ҳастанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 31 август дар канали «Баҳористон»-и ноҳияи А. Ҷомӣ ду духтар — Ш. Х. 10-сола ва Ш. Х. 7-сола, сокинони деҳаи Навбаҳор, ғарқ шудаанд. Ҷасади онҳо рӯзҳои 1 ва 2 сентябр пайдо шудааст. 🔹Ҳодисаи дигар 28 август дар дарёи Вахш рух додааст. Сокини 17-солаи шаҳри Левакант Ф. Мираҳмадов дар дарё ғарқ шуда, ҷасадаш 2 сентябр дар масофаи 10 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо гардид. КҲФ сабаби асосии чунин ҳодисаҳоро бе назорати волидайн мондани кӯдакон арзёбӣ кардааст. Кумита аз волидон даъват мекунад, ки фарзандонашонро дар наздикии обанборҳо бе назорат нагузоранд ва ба онҳо иҷозаи оббозӣ дар ҷойҳои барои ин мақсад пешбининашуда надиҳанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501003 Sep 10:4713 Nov 11:161013 Sep 10:47: 0 views13 Nov 11:16: 101 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
3 Sep 2026, 10:470
13 Nov 2026, 11:16101

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.