Дар Душанбе марди 62-сола бо гумони фолбинӣ боздошт шуд Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини 62-соларо боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ, беш аз 10 сол ба фолбинӣ ва анҷоми маросимҳои ба истилоҳ «сеҳру ҷоду» машғул будааст. Тибқи иттилои раёсати ВКД, мард дар ивази маблағ ба муштариён ваъда медодааст, ки «сеҳрро бартараф» мекунад, муносибати зану шавҳарро беҳтар месозад ва барои ба роҳ мондани корҳои онҳо кумак мерасонад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ӯ як қатор ашё, аз ҷумла шишаҳои дорои нӯшокиҳои спиртӣ, гиёҳҳои хушк, нохун, корд, пораҳои матоъ ва навиштаҷот пайдо шудааст. Ба иттилои мақомот, дар миёни ашёи истифодашуда ҳатто як шамолтияк низ будааст. Гуфта мешавад, ки дар порраҳои он мард аломатҳои ба истилоҳ «сеҳрӣ» мекашидааст. Ҳамчунин, дар рӯйи шишаҳои спиртӣ навиштаҳои гуногун гузошта, ба муштариён тавсия медодааст, ки моеъро дар ҳавлӣ пошанд ё истеъмол кунанд. Парвандаи ӯ ба суд ирсол шуда, дар натиҷа нисбат ба вай ҷазо ва ҷарима таъин шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 7 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 3 Sep 2026, 06:22 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.