⚡️ Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе 3 сентябр барқ қатъ мешавад Рӯзи 3 сентябр дар як қатор кӯчаҳо ва маҳаллаҳои Душанбе интиқоли неруи барқ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Маҳдудият аз соати 09:00 то 17:00 дар қисматҳои ноҳияҳои Сомонӣ ва Сино ҷорӣ мешавад. Сабаби он анҷоми корҳои таъмирию профилактикӣ дар таҷҳизоти барқӣ, тоза кардани шохаҳои дарахтон аз хатҳои интиқоли барқ ва корҳои вобаста ба иваз намудани хатҳои барқӣ мебошад. 🔹Дар ноҳияи Сомонӣ кӯчаҳои Ф. Шаҳобов, Л. Шералӣ ва қисмати хиёбони Рӯдакӣ (биноҳои 102 ва 106) ба рӯйхати маҳдудият дохил шудаанд. 🔹Дар ноҳияи Сино бошад, барқ дар кӯчаҳои А. Ҷомӣ, Фурӯзон, Дилкушо, Р. Набиев, К. Хуҷандӣ, Ҷ. Расулов, Конститутсия, инчунин дар минтақаи шифохонаи чашм ва маҳаллаҳои Чортути боло ва поён, Маҳмадшоҳи боло ва поён ва Арбобхотун муваққатан қатъ мешавад. Масъулин мегӯянд, агар корҳои таъмирӣ пеш аз муҳлати пешбинишуда анҷом ёбанд, интиқоли неруи барқ метавонад барвақттар барқарор карда шавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 7 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 3 Sep 2026, 04:10 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 99 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.