Тангаҳои хотиравии «35-солагии Истиқлол» ба муомилот бароварда шуданд Ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар тангаҳои хотиравии навро ба муомилот ворид кард. Тарҳи тангаҳо ба рамзҳои давлатдорӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон бахшида шуда, дар онҳо манзараҳои табииву иншооти муҳими кишвар инъикос ёфтаанд. Дар як тарафи танга Нишони давлатии Тоҷикистон ҷой дошта, арзиши номиналии он низ нишон дода шудааст. Дар ҳошия номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ омадааст. Вазни танга низ дар ҳамин қисмат нишон дода шудааст. Тарафи дигари танга ба ҷашни Истиқлол бахшида шудааст. Дар маркази он Маҷмааи «Истиқлол» ва атрофи он кӯҳҳо, пиряхҳо, обу табиат, роҳ, нақб ва нерӯгоҳ тасвир шудаанд. Рақами 35, ки бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро ёфтааст, низ дар ин қисмат ҷойгир мебошад. Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки тангаҳои мазкур дорои тарҳи вижа ва мазмуни миллӣ-ватандӯстӣ мебошанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads