Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 7 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Душанбе бо ҳамкории Тоҷикистон ва Корея боғи нав бунёд мешавад Дар шаҳри Душанбе сохтмони Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз гардид. Лоиҳа бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ мешавад. Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангал, боғи нав барои афзоиши майдони сабзи пойтахт, беҳтар намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳати сокинону меҳмонон пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди он ҳамчунин имкони муаррифии фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва Корея фароҳам хоҳад шуд. Дар марҳилаи аввали сохтмон корҳои заминсозӣ ва бунёди инфрасохтор, аз ҷумла роҳравҳои пиёдагард, шабакаи обёрӣ ва майдонҳои сабз ба роҳ монда мешаванд. Барои нигоҳдории фазои сабз истифодаи технологияҳои каммасраф пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, обёрии қатрагӣ, равшанидиҳии каммасраф ва маводи аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода хоҳанд шуд. Ин боғ метавонад дар оянда ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва фароғатии Душанбе табдил ёфта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва муаррифии анъанаҳои миллии ду кишвар низ истифода шавад. Бунёди боғ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардида, тибқи нақша, он бояд то охири соли 2026 ба истифода дода шавад. Лоиҳа ҳамзамон ҳамчун намунаи густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди фазои сабз арзёбӣ мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501002 Sep 11:0113 Nov 11:16912 Sep 11:01: 0 views13 Nov 11:16: 91 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Sep 2026, 11:010
13 Nov 2026, 11:1691

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.