📈 Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 10 сол 3,4 баробар афзоиш ёфтааст Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,4 баробар зиёд шуда, иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ҳамасола 7,6 фоиз рушд кардааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 1991 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 13,4 миллион сомонӣ буд, пас дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда ба 81,7 миллиард сомонӣ расидааст. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 173 миллиард сомонӣ-ро ташкил дода, суръати рушди воқеии он 8,4 фоиз буд. Дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра суръати рушди ММД дар Қирғизистон 10,1 фоиз, Узбекистон 8,7 фоиз ва Тоҷикистон 8 фоиз-ро ташкил додааст. Тибқи таҳлилҳо, дар доираи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, ба 325 миллиард сомонӣ расад. Ҳамчунин, тибқи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», то соли 2030 ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ бояд 2 баробар зиёд шавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 7 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Sep 2026, 07:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 98 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.