Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 7 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Душанбе муассисаи таълимии «Имкон» ба истифода дода шуд 2 сентябр дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Имкон» бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Муассиса барои 800 хонанда пешбинӣ шуда, дорои 59 синфхонаи таълимӣ мебошад. Дар он барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар муассиса 34 омӯзгор фаъолият доранд, ки 90 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дарсҳо асосан ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор мешаванд. Дар оянда омӯзиши забони чинӣ низ ба роҳ монда мешавад. Барои хонандагон толори варзишӣ ва ду ҳавзи шиноварии алоҳида барои писарон ва духтарон, инчунин ошхона бо 290 ҷой, толори маҷлисӣ бо 180 ҷой ва боғи зимистона сохта шудаанд. Барои дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ низ тирхонаи махсус мавҷуд аст. Бинои муассиса аз ҷониби соҳибкорон бародарон Валидҷон, Пиран ва Пайрав Аҳмадовҳо сохта шудааст. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ барои 80 сокини маҳаллӣ ҷойи кории муваққатӣ фароҳам гардидааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501002 Sep 05:4113 Nov 11:161002 Sep 05:41: 0 views13 Nov 11:16: 100 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Sep 2026, 05:410
13 Nov 2026, 11:16100

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.