Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҳиндустон дар Бишкек мулоқот кард Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амниятро баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот ба идомаи муколамаи сатҳи олӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои амнияту мудофиа, ҳамкории низомию техникӣ ва омодасозии кадрҳои низомӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Ҳамчунин мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз масъалаҳои муҳими баррасишуда буд. Ҷонибҳо инчунин ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ аҳамияти хос зоҳир карданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 7 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Sep 2026, 04:24 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 95 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.