Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 7 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр маошу нафақа ва идрорпулиҳо зиёд шуданд Аз 1 сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва идрорпулиҳо зиёд карда шуданд. Ҳадди ақали музди меҳнат барои кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст. Маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, маоши кормандони дигар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз зиёд гардид. Ҳамзамон, нафақа ва идрорпулиҳо низ боло бурда шуданд. Маоши базавӣ барои ҳисоб кардани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 893 сомонӣ муқаррар шудааст. Маоши вазифавӣ ва меъёрҳои тарифии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ 20 фоиз зиёд карда шуданд. Қарор дар бораи боло бурдани маош, нафақа ва идрорпулиҳоро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2025 зимни паёми солона ба Маҷлиси Олӣ эълон карда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501001 Sep 10:2113 Nov 11:161041 Sep 10:21: 0 views13 Nov 11:16: 104 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Sep 2026, 10:210
13 Nov 2026, 11:16104

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.