Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 7 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

💰 БОР барои рушди инфрасохтори марзӣ дар Осиёи Марказӣ $400 млн ҷудо мекунад Бонки Осиёии Рушд ҷудо кардани 400 миллион доллар маблағро барои навсозии нуқтаҳои убури марз ва рушди тиҷорату нақлиёт дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ин маблағ дар доираи барномаи BUILD барои таҷдиди гузаргоҳҳои марзӣ, коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ ва логистикӣ ва беҳтар кардани интиқоли одамон ва молу маҳсулот истифода мешавад. Барнома ҳамчунин ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ, рушди логистика ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳои минтақа равона шудааст. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин иқдом метавонад ба содатар шудани равандҳои убури марз ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар минтақа мусоидат кунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751001 Sep 10:0513 Nov 11:16831 Sep 10:05: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Sep 2026, 10:050
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.