🇹🇯 Эмомалӣ Раҳмон дар СҲШ ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодиро муҳим хонд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек, ки ба 25-солагии созмон бахшида шуд, суханронӣ кард. Сарвари давлат дар пасманзари афзоиши терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар соҳаи амният даъват намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки раванди таъсиси Маркази зиддимухаддиротӣ ва Маркази универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишу таҳдидҳои амниятӣ суръат бахшида шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон, бояд бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал карда шаванд. Дар бахши иқтисодӣ президент рушди саноат, энергетика, нақлиёт, транзит ва кишоварзӣ, инчунин густариши иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро аз самтҳои афзалиятнок номид. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 1 Sep 2026, 07:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 95 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.