Пешниҳоди Тоҷикистон пазируфта шуд: СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ эълон кард Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон кард. Қатъномаи дахлдор 31 августи соли 2026 қабул шуда, тибқи он ин рӯз аз соли 2027 ҳамасола таҷлил хоҳад шуд. Ин ташаббус идомаи сиёсати Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо арзёбӣ мешавад. Интихоби 31 август аҳамияти таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1955 лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, таҷлили ин рӯз барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ замина фароҳам меорад. Тоҷикистон ин ташаббусро саҳми худ дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ медонад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 1 Sep 2026, 03:19 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 123 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.