Дар Душанбе мактаби нави №105 барои 2400 хонанда ба истифода дода шуд Имрӯз, 31 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мактаби №105 дар ноҳияи Шоҳмансур боздид карданд. Зимни боздид, ки ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бахшида шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави мактабро расман ифтитоҳ кард. Мактаб барои 2400 хонанда пешбинӣ шуда, дар ду баст фаъолият мекунад. Он бо иштироки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуда, барои хонандагон ва ҷавонони се маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур шароити муосири таҳсил фароҳам овардааст. Дар муассиса 130 синфхона ва кабинети ёрирасон, толори маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 290 нафар, толори варзишӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ мавҷуданд. Дар 10 синфхонаи махсусгардонидашуда хонандагон метавонанд фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, омодагии ҳарбӣ ва меҳнатиро омӯзанд. Мактаб ҳамчунин барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиӣ шароити зарурӣ фароҳам кардааст. Ин иқдом ба барномаи давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм мувофиқат мекунад. Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 31 Aug 2026, 05:05 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 108 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.