Аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% зиёд мешавад Бо оғози соли нави таҳсил шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 20 дарсад зиёд карда мешавад. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, шумораи автобусу троллейбусҳо ба 410 адад ва микроавтобусҳои мусофирбар ба 1200 адад расонида мешавад. Ҳамчунин, шумораи таксиҳо дар пойтахт 500 адад зиёд хоҳад шуд. Дар робита ба афзоиши шумораи нақлиёт, мақомоти милитсия аз ронандагон ва мусофирон даъват кардаанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд. Аз ҷумла, аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои манъшуда нагузоранд, мусофиронро аз қаторҳои дуюм ва сеюм савор ё фароварда накунанд ва дар ҷойҳое, ки боиси бандшавии роҳ мешаванд, таваққуф накунанд. Мақомоти милитсия таъкид кардаанд, ки бароҳатӣ ва сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ на танҳо ба фаъолияти ширкатҳои мусофиркаш, балки ба масъулияти ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ низ вобаста аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
926
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 31 Aug 2026, 03:09 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 122 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.