Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 926 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 8 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мешаванд Соли 2027 дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар назар аст. Дар ин бора сафири Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар Душанбе хабар додааст. Ба гуфтаи сафир, дар доираи ин чорабинӣ фарҳанг, адабиёт ва санъати Покистон ба сокинони Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд. Қарор аст дар барнома ба эҷодиёти шоироне, ки ба забони форсӣ менависанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Ирфон Аҳмад гуфтааст, ки дар Покистон шоирони зиёде ба забони форсӣ эҷод мекунанд ва мехоҳад онҳо дар ин чорабинӣ иштирок намуда, эҷодиёташонро ба мардуми Тоҷикистон муаррифӣ кунанд. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг баргузории намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои мусиқӣ ва фарҳангӣ, муаррифии адабиёт ва мулоқоти намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистону Покистон пешбинӣ шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010015028 Aug 12:3213 Nov 11:1612028 Aug 12:32: 0 views13 Nov 11:16: 120 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Aug 2026, 12:320
13 Nov 2026, 11:16120

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.